Душанбе. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии китоби худ, ки бо забони арабӣ ба чоп расид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Э.Раҳмон ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» ҷаноби Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» саҳм гузоштаанд, изҳори ташаккур кард. «Эмомалӣ Раҳмон нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ дар Мисрро рӯйдоди муҳими таърихиву фарҳангӣ дар ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо арзёбӣ намуд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.