Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 83,2 дарсади маблағи пешбинишуда дар буҷаи давлатиро дастрас кард.

Зимн як нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Мирзоалиев изҳор дошт, ки бо ҳамин миқдор маблағ ҳам муяссар шудааст, ки музди меҳнати кормандони тиббии минтақа дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ пурра пардохт карда шавад. «Ахиран соҳаи тандурустии минтақа ба мутахассисон шадидан ниёз дорад ва ҳатто 70 дарсади маблағи пешбинишудаи буҷаи давлатӣ басанда аст, ки музди меҳнати кормандони тиб пурра ҳисоббаробарӣ карда шавад», - гуфт ӯ.

Номбурда гуфт, аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои тиббӣ норасоии шадиди кадрҳо ба миқдори 50дарсад ва аз он ҳам зиёдтар эҳсос мешавад. «Масъалаи мазкур мавриди ҳаллу фасл дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад», - афзуд М.Миралиев.