Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷумҳурӣ 1595 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки 1285 мардон ва 310 нафар занон ба он мубтало гардидаанд.

            Ба гуфтаи вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов, шурӯъ аз соли 1991 шумори фавтидагон аз бемории СПИД дар Тоҷикистон ба 170 нафар расидааст. «Аз миқдори умумӣ 56 дарсад ё худ 876 нафар тавассути сӯзандору, 26,5 ё худ 423 нафар тавассути алоқаи ҷинсӣ ва 16,7 дарсад ё худ 267 нафар бо роҳҳои номаълум ба ин беморӣ гирифтор шудаанд», - гуфт ӯ.

            Н.Салимов афзуд, айни замон миёни гирифторони бемории СПИД дар 13 маврид гузаштани ангезанда (вирус) аз модар ба кӯдак ба қайд гирифта шуда, 180 ҳодиса ба ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ рост меояд.