Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (ЮСАИД) ва Шӯроҳои Амрико оид ба маорифи байнулмилалӣ эълом доштанд, ки ба амалисозии барномаи «Робитаҳои ҷомеаи Тоҷикистону Амрико» шурӯъ мекунанд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ЮСАИД дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, татбиқи барнома дар байни намояндагони бахши соҳибкории хурду миёна сурат хоҳад гирифт. «Дар доираи амалисозии барнома дар асоси баргузории озмуни кушод баҳри гузаштани тренинг дар ИМА 10 нафар мутахассисон аз шаҳру ноҳияҳо интихоб карда мешаванд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, номзадҳо бояд бо як навъи тиҷорати миёна ё хурд бо шумули истеҳсол, коркард, маркетинг ва содирот дар бахши кишоварзӣ машғул буда ё бояд корманди фаъоли иттиҳодияҳои тиҷоратии соҳаи кишоварзӣ бошанд. «Барои иштирок дар озмун донистани забони англисӣ ҳатмӣ нест», - афзуд манбаъ.