Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯи Забиров бори дигар раис интихоб гардид.

            Дар ҷаласа масъалаи ҷараёни иҷрои чорабиниҳои «Барномаи беҳбуди фаъолияти соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Номзадии раиси Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон – Иззатулло Лаълбеков, раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон Зайд Саидов ва раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон Некрӯй Забиров ба узвияти Шӯрои ҳамоҳангсоз дар Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар назди президенти Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

            Ҳамчунин дар ҷаласа Муқаррароти Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодия қабул гардида, Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳои тиҷоратии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар ҳайати 11 нафар аъзои Дафтари шӯрои ҳамоҳангсоз интихоб гардид.