Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи равон гурӯҳи дуввуми иборат аз чор нафар кормандони ВКД ҶТ – подполковникҳои милиса Сӯҳроб Мирсаидов ва Лутфулло Абдуллоев, майорҳои милиса Бахтиёр Ҷонмаҳмадов ва Шоира Ортиқова баҳри иҷрои рисолати сулҳоварии СММ ба вилояти Дарфури Судон сафарбар шуданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, зимни интихоби ҳомиёни сулҳ ба донистани забони англисӣ, моҳирона идора кардани воситаи нақлиёт ва тирпарронӣ мутобиқи меъёрҳои СММ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. «Қарордод бо ҳомиёни сулҳ ба муддати як сол баста шуда, сипас он метавонад боз ба муддати муайяне дароз карда шавад», - афзуд манбаъ.

            Гурӯҳи аввали ҳомиёни сулҳ аз Тоҷикистон, ки он низ аз чаҳор нафар иборат буд, тирамоҳи соли гузашта ба Дарфур раҳсипор шуда буд.