Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҷаллаи нав дар бораи Тоҷикистон - «Original Tajikistan» баргузор шуд.

            Маҷаллаи мазкур дар вилояти Твери Русия нашр шуда, муассиси он ҶДММ «Ориҷинал-медиа» аст.

            Дар маросими муаррифинома сардабири маҷалла Ганҷина Майбалиева изҳор дошт, ки нашри маҷаллаи нав як риштае хоҳад буд баҳри пайванди тоҷикистониён бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва бунёди симои мусбати давлати тоҷикон мусоидат хоҳад кард. «Бо нашри маҷаллаи «Original Tajikistan» мо ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ карданием», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи номбурда, дар маҷалла сарчашмаҳои маълумоти оригиналии шавқовар ва маводи бахшида ба мавзӯъҳои муносибати ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба чоп хоҳад расид. «Феълан ба Тоҷикистон 10 ҳазор нусха ҳамчун тӯҳфа оварда шуда, дар оянда аз ҳар шумораи он то 15 ҳазор нусха ба Тоҷикистон ирсол хоҳем кард», - афзуд Г.Майбалиева.