Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медеведев маросими расмии мавриди истифодаи пурра қарор гирифтани некӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор шуд.

            Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳро рамзи дӯстии Тоҷикистону Русия арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки анҷоми сохтмони иншооти мазкур бори дигар ҳамкории дуҷонибаи пурсамар миёни кишварҳоро собит месозад. «Иншооти мазкур барои мардуми тоҷик аҳамияти бузургеро доро буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он истеҳсоли шабонарӯзии барқ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 8 млн. кВт/соат афзоиш меёбад, ки он дар навбати худ, ба қисман ҳал гардидани мушкилоти норасоии барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон мусоидат хоҳад кард», - гуфт ӯ.

            Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки ин рӯйдод натанҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардуми тамоми минтақа воқеаи фараҳбахш аст, зеро он ҳамзамон ба танзими захоири обии минтақа низ мусоидат мекунад. «Мо ҳеҷ гоҳ бар зарари ҳамсоягон кор накардаем ва минбаъд низ нахоҳем кард», - изҳор дошт Э.Раҳмон.

            Дар навбати худ, президени Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба рушди муносибатҳои ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, феълан ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд миёни кишварҳо ҳамеша дар ҳоли рушду густариш қарор доранд. «Ба ҷуз лоиҳаҳои зиёди амалишаванда, айни замон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гидроэнергетика ва гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ тадбирҳои зарарӣ андешида мешаванд», - гуфт ӯ.

            Сарони кишварҳо бо тарзи кори бахши мошинии нерӯгоҳ аз наздик ошно гардида, аз намоишгоҳи сохтмони нерӯгоҳ боздид карданд ва ҳамчунин бо бинокорони иншоот мулоқот оростанд. Аз номи президенти Русия «ниҳоли дӯстӣ» шинонида шуд.