Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Иттиҳодияи «Занони бахши улуми Тоҷикистон» моҳи июл дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъсиси хадамоти кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри камбизоати аҳолӣ» дар маҳаллаҳои «Бӯстон-2» ва «Бадахшон-2»-и пойтахт миёни гурӯҳҳои мақсаднок як силсила тренингҳои маърифатӣ доир намуданд. Татбиқи лоиҳа аз ҷониби сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳа ва раиси иттиҳодия Муҳиба Яқубова иттилоъ дод, дар ҷараёни баргузории тренингҳо маълум шуд, ки зиёда аз 50 дарсади иштирокдорон аз донишҳои оддии ҳуқуқӣ огаҳӣ надоранд. «Шаҳрвандон аз чӣ гуна ҳуҷҷатгузорӣ кардани гирифтани кӯмакпулиҳову нафақа ва ҳалли мушкилоти хусусияти ҳуқуқӣ дошта чизе намедонанд», - гуфт ӯ.

            М.Яқубова мегӯяд, аксари сокинони маҳаллаҳои номбурдаи пойтахт камбизоат буда, аз машваратҳои ҳукуқии пулакӣ ва дигар кӯмакҳои ҳуқуқӣ истифода бурда наметавонанд. «Дар доираи чорабиниҳои татбиқи лоиҳа хати телефонии боварӣ амал мекунад, ки тавассути он 91 нафар шаҳрвандон бо мушкилоти гуногун ба мо муроҷиат карданд», - изҳор дошт вай.

            М.Яқубова афзуд, лоиҳа бо мақсади дар заминаи марказҳои ҷамъиятии чаҳор ноҳияи пойтахт таъсис додани хадамоти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қишри осебпазиру камбизоати аҳолӣ амалӣ мегардад.