Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи чоршанбе, 29-уми июл нахустин парвози тайёраи   ширкати «Сомон Эйр» тавассути хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе - Франкфурти лаби Майн анҷом дода шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сарвари кулли ширкат Фирӯз Эшонқулов иттилоъ дод, ин нахустин хатсайри ҳавоии доимии мустақими ширкат ба кишварҳои Аврупо буда, рӯзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар ҳафта ба иҷро расонида мешавад.

            Ба қавли Ф.Эшонқулов, мақомоти раҳбарии ширкат ва фурудгоҳи Франкфурти лаби Майн тасмим гирифтанд, ки рӯзҳои наздик бо иштироки намояндагони васоити ахбори умумии Тоҷикистон ва Олмон, агентиҳои бузурги сайёҳӣ ва намояндагиҳои ширкатҳои хориҷии ҳавопаймоӣ маросими муаррифии хатсайри мазкурро доир намоянд.