Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - То ахири соли ҷорӣ Русия ба толибилмони тоҷик 25 ҳазор нусха китобҳои омӯзиши забон ва адабиёти рус мефиристад.

            Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ методистони Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург китобҳои дарсии забону адабиёти рус барои синфҳои 5, 10 ва 11-и мактабҳои русзабонро бо назардошти вазъу шароити Тоҷикистон омода сохтаанд.

            Бино ба иттилои манбаъ, зимни таҳияи китобҳои дарсӣ хусусиятҳои миллӣ ба эътибор гирифта шуда, онҳо дар асоси муқоисаи забони модарӣ ва русӣ таҳия гардидаанд. «Чунин китобҳои дарсии омӯзиши забону адабиёти рус бо назардошти хусусиятҳои миллӣ барои толибилмони Қазоқистону Молдова низ омода гардида, таҳияи чунин китоб барои кӯдакони Туркманистон низ пешбинӣ шудааст», - афзуд манбаъ.