Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» муваққатан аз 1-уми август то 1-уми октябри соли ҷорӣ манъ карда мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра шаҳрвандон метавонанд тавассути роҳи мошингарди ағбаи Анзоб ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ сафар кунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, муваққатан баста шудани нақби «Истиқлол» ба баргузории корҳои комилан ба истифода додани нақб вобаста буда, дар он то ҳанӯз қисмате аз корҳои сохтмонӣ ба анҷом нарасидаанд.