Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бо дастгирии Дафтари САҲА дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон чорабиниҳои зиддинашъамандӣ гузарнида мешаванд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи муомилоти қонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандии агентии мазкур Алишер Ташрифов иттилоъ дод, баргузории чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ 6-уми август аз ноҳияи Истаравшан оғоз гардида, сипас дар ноҳияҳои минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ва ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон идома меёбанд ва ахири моҳи август дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба анҷом мерасанд. «Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур – коҳиши миқёси паҳншавии маводи мухаддир ва мизони ҷинояткории ба он марбута тавассути таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ба ин кор сафарбар намудани аҳолӣ мебошад», - гуфт ӯ.

            Бино ба иттилои манбаъ, ба беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳо оид ба оқибатҳои фоҷеабори ба нашъамандӣ гирифтор шудан ва даст ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир задан маълумоти муафассал дода хоҳад шуд, ки он ба коҳиши нашъамандӣ ва ҷиноёт мусоидат хоҳад кард. «Ба ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, АНМН, мақомоту идораҳои дахлдор, намояндагони маҳфилҳои эҷодӣ ва аҳли ҷомеа шомиланд», - афзуд Ташрифов.