Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанд рӯз қабл Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар ҳаҷми 1 дарсад (аз 9 то 8 дарсад) паст кард.

            Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, соли ҷорӣ маротибаи чаҳорум аст, ки меъёри бозтамвил паст карда мешавад.

  «Моҳи январи соли ҷорӣ меъёри бозтамвил аз 13,5 то 12, нимаи моҳи май аз 12 то 10 дарсад ва аввали моҳи июл аз 10 то 9 дарсад паст карда шуда буд», - афзуд манбаъ.