Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Қайроққум барои 19 намояндаи хадамоти марзбонӣ, гумрук, фитосанитарӣ, санитариву эпидемиологӣ ва байторӣ оид ба мавзӯи идораи комплексии марзҳо семинар доир гардид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари Барномаи рушди СММ иттилоъ доданд, барномаи семинар муаррифии истифодаи амалии идораи комплексии марзҳо ва ҳамчунин омӯзиши таҷрибаи амалӣ бо боздид аз посгоҳи назоратии «Гулистон»-ро дар бар гирифт. «Семинар дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи мусоидат ба идораи марзҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо дастгирии намояндагони Маркази байнулмилалии рушди сиёсати муҳоҷират созмон дода шуда, машғулиятҳо аз ҷониби коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва тренерони маҳаллӣ гузаронида шуданд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории семинар намояндагони хадамоти мутааллиқ ба ҳифзи марзҳо аз посгоҳи назоратии «Гулистон» боздид намуда, тренерони байнулмилалӣ амалан оид ба тарзи истифодаи таҷҳизоти муайян кардани ҳақиқӣ будани шиносномаву ҳуҷҷатҳо, назорат ва санҷиши борҳои нақлиёт маълумоти муфассал дода, зарурати роҳандозии ҳамкории мутақобида миёни хадамотро таъкид сохтанд.