Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон, ки пагоҳ дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт ифтитоҳ мегардад, баргузор шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи нахустини Афғонистон зиёда аз 120 ширкат бо ҳайати ҳудуди 300 намояндагон ширкат хоҳанд варзид. «Солҳои ахир муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 2,5 маротиба афзуд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои намоишгоҳ вохӯриву гуфтушуниди соҳибкорону сармоягузорон баргузор мешавад. «Дар намоишгоҳ қолинҳо, маҳсулоти мавриди истифодаи умум ва маҳсулоти кишоварзии ширкатҳои шаҳри Кобул, вилоятҳои Балх, Қундуз, Қандаҳор, Ҳирот, Ҷалолобод ва Бомиён пешкаши мардум хоҳанд гардид», - афзуд манбаъ.

            Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Палатаҳои савдову саноати кишварҳо, Агентии сармоягузории Афғонистон ва мусоидати ҳукуматҳои ҳар ду давлат созмон дода мешавад.