Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи худро www.somon air . com .

боз кард.

            Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ширкат, дар сомона оид ба фаъолияти ширкат, реҷаи хатсайрҳо, арзиши чиптаҳо, агентиҳои фурӯши чипатаҳо дар дохил ва хориҷи кишвар маълумоти муфаассал метавон дарёфт кард.

            Барои истифодабарандагони хориҷӣ гӯшаи «Маълумот дар бораи Тоҷикистон» созмон дода шуда, ҳамчунин барои барқарор кардани робита бо хонандагони сомона гӯшаи «Робита бо мо» ташкил гардидааст. Бо истифода аз ин гӯша хонанда метавонад назари худро ба маводи дар сомона ҷойдодашуда иброз дошта ё бо суоле ба масъулони ширкат муроҷиат намояд. «Кор рӯи таҳияи шакли пурраи сомона ҳанӯз анҷом наёфта, бо мақсади такмили ҳар чӣ бештари он марҳила ба марҳила ба саҳфаи сомона тағйирот ворид карда мешавад», - афзуданд дар хадамоти матбуоти ширкат.