Душанбе. 3-юми август. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни як нишасти матбуотӣ сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Рустам Холиқов изҳор дошт, ки нимаи моҳи август мутахассисони фаронсавӣ ба Душанбе омада, сохтмони терминали нави фурудгоҳи пойтахт шурӯъ мешавад.

            Ба гуфтаи ӯ, арзиши лоиҳаи сохтмони терминал 27 млн. Евро буда, 20 млн. саҳми Фаронса ва 7 млн. Евро саҳми Тоҷикистон аст. «Саҳми Тоҷикистон ба ин лоиҳа танҳо аз ҳисоби КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» сармоягузорӣ хоҳад шуд ва дар зарфи панҷ моҳи фаъолияти ширкат мо тавонистем баҳри иҷрои ин мақсад зиёда аз 9 млн. доллари ИМА маблағ захира созем», - гуфт Р.Холиқов.

            Номбурда афзуд, терминали нави фурудгоҳи пойтахт дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода дода хоҳад шуд.