Дар ҷараёни рейдҳо дар шаҳри Владимири Русия 200 нафар муҳоҷирон боздошт шудаанд, ки 80 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов.

Бино ба гуфтаи ӯ, онҳо охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи саноатӣ, ки дар он таваққуфгоҳи мошинҳо (гараж) ва коргоҳу анборҳо воқеанд, боздошт шудаанд.

“Мо бо мақомоти ваколатдор оид ба муҳоҷирати шаҳри Владимир дар тамос шудем. Далели боздшти муҳоҷирони тоҷикро зимни рейдҳо ба мо тасдиқ карданд. Қайд карданд, ки онҳо барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи будубош дар қаламрави Русия боздошт шудаанд”, - хабар дод Аҳмадов.

Ӯ қайд кард, ки диаспораи тоҷикон дар вилояти Владимир низ аз ин ҳодиса огоҳ буда, кумак расонида истодаанд.

“Мо ва диаспора баҳри кумак ба ин муҳоҷирон омодаем, айни замон ҳамаи ҳолатҳоро омӯхта истодаем. Агар онҳо дарвоқеъ ҳам қонунро риоя накарда, ғайриқонунӣ кор мекардаанд, ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Мутаассифона, дар ин ҳолат мо ба ҳеҷ гунае ба онҳо кумак карда наметавонем. Агар далелҳои боздошти ғайриқонунии онҳо тасдиқ шавад, ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти адолат кумак мекунем”, - изҳор дошт Иброҳим Аҳмадов.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба гуфтаҳои муҳоҷири тоҷик дар Владимир хабар медиҳад, ки миёни 80 нафар боздоштшудагон 18 нафарашон зодагони деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошанд.

"Шароиташон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ хуб нест. Ҳатто барояшон ғизо бурда намешавад. Гуфтанд, ки барояшон худатон билети ҳавопаймо харед. Мо ҳозир барои шаш нафар мехоҳем билет харем, ки ба ватан баргарданд," - гуфтааст манбаи радио.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.