Дар Тоҷикистон дар моҳҳои май ва июн бинобар рӯзҳои ид ду рӯзи корӣ ба рӯзҳои истироҳат иваз карда мешавад.

Тавре ба ОИ “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд, ин тасмим аз ҷониби ҳукумати кишвар “ба хотири роҳати сокинони кишвар, беҳбуди реҷаи корӣ ва истеҳсолот" гирифта шудааст.

Аз ҷумла, тибқи қарор, рӯзи шанбеи 4 май рӯзи корӣ ва ҷумъаи 10 май рӯзи истироҳат эълон шудааст.

“Рӯзи Ғалаба рӯзи 9 май (панҷшанбе) таҷлил мешавад ва ид аст ва рӯзи дигар, 10 май низ рӯзи истироҳат хоҳад буд. Бо дарназардошти рӯзҳои шанбе (11 май) ва якшанбе (12 май) сокинони кишвар метавонанд ба таътили тӯлонӣ бароянд”, - қайд карданд дар ин ниҳод.

Дар моҳи июн ин тағйирот ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн (панҷшанбе) таҷлил мешавад ва ҳамзамон рӯзи истироҳат аст, вобаста мебошад.

“Яъне рӯзи шанбеи 22 июн рӯзи корӣ ва ҷумъаи 28 июн рӯзи истироҳат хоҳад буд. Мутаносибан, бо назардошти рӯзҳои шанбе ва якшанбе, 4 рӯз истироҳат кардан мумкин аст”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.