Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи “Тиҷоратикунонии бахши кишоварзӣ”, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, иштироки беш аз 14 ширкати ватаниро дар кори Намоишгоҳи байнулмилалии озуқаворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ПродЭкспо-2020» таъмин кард.

Намоишгоҳи «ПродЭкспо-2020» аз 10 то 14-уми феврали соли равон бо иштироки намояндагони 2600 ширкату корхонаи беш аз 70 кишвари дунё дар шаҳри Маскави Русия доир гардид.

Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолкунандаи обҳои нӯшокии ташнашикан, хушкмева, лимӯ, маҳсулоти консервшудаи сабзавоту мева аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ намояндагӣ карданд.

1/5

Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин намоишгоҳ обҳои ташнашикани “Лимонад №1” ва “Хаватаг №1 Докторская”-и  ширкати “Евро Азия-2005”-и Тоҷикистон соҳиби 2 медали тиллоӣ шуда, ҳамзамон таъсисдиҳандаи ин ширкат низ бо медал барои саҳмгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти хӯрокворӣ ноил гардид.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби кори намоишгоҳ вохӯрии кории намояндагони ширкату корхонаҳои Тоҷикистон бо шабакаҳои бузурги савдои Х5-групп, Окей, Лента ва ғайра баргузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.