Вадим Садоншоев аз соли 2018 менеҷери барномаҳои Internews-и Тоҷикистон буд, ки дар ин мақом ба ҷойи Абдумалик Қодиров интихоб шуд. Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст.
Вадим Садоншоев то замони кор дар Internews дар департаменти иттилооти Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе, Ҳамоҳангсози расонаҳо ва ровобити умумии Бунёди Авруосиёи Осиёи Марказӣ кор кардаанд. Ҳамчунин наздик бе се сол Мудири иҷроияи Маркази Исмоилия дар Тоҷикисон ва ҳамоҳангсози барномаҳои рушди демкоратияи USAID Тоҷкистонон низ кор кардаанд. То интихоби Вадим Садоншоев раҳбарии Internews-ро дар Тоҷикистон Анжелика Попова ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудир ба дӯш дошт.
“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии расонаҳо равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста