Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон як заҳкашро пур кардаву замини онро ба мардум барои хонасозӣ тақсим кардаанд. Ин нигаронии сокинони маҳаллиро ба бор овардааст, аммо раиси ноҳия мегӯяд, ин кор дуруст аст.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода зимни нишасти матбуотиаш, имрӯз, 17 феврал пур кардани заҳкаш ва тақсими онро барои хонасозӣ қонунӣ унвон кард.
"Ман, худам ихтисосам муҳандиси заминсоз аст ва вақте омадам, рафта ҳамон мавзеъро дидам. Ин замини ғайрикишоварзӣ аст ва барои тақсим кардани он хулосаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст",- гуфт раиси ноҳия.
Ин заҳкаш дар деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аст. Мардуми ин деҳа дар як суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтанд, ки қаблан инҷо роҳи оҳани камбар буд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, "роҳро низ аз байн бурдаанд ва заҳкашро низ пур карда, раиси ҷамоат Муродбек Ақсакалов инҷоро ба унвони замини наздиҳавлигӣ тақсим кардааст".
Аммо раиси ноҳия натавонист ба хабарнигорон ҷузъиёти ин қазияро шарҳ бидиҳад. Ӯ ба суолҳои ин ки, масоҳати ин замин чӣ қадар аст ва бо қарори кадом раиси ноҳия ё ҳукумати ҷумҳурӣ ба чанд оила тақсим шудааст, ҷавоби дақиқе дода натавонист ё нахост посух бидиҳад.
Ин дар ҳолест, ки мусоҳибони сарироҳии хабарнигори "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки тақсимоти замин дар дигар тарафи роҳи муқобили ҳамин заминҳо низ дар ҷараён аст.
Онҳо аз ин нигаронанд, ки оё аз нигоҳи бехатарӣ ва илмӣ додани замини заҳкаш барои бунёди манзил дуруст аст ва хостори расидагии мақомоти назоратӣ ба ин қазия шудаанд.
Мавзуъи тақсимоти замин дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст, ки солона бештар аз ҳазор парванда дар ин самт боз мешавад ва қарорҳои зиёди раисони шаҳру ноҳияҳоро мақомоти дигар бекор мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста