Вазорати молияи кишвар ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022-ро 33 миллиард сомонӣ муқаррар кардааст. Ин рақамро имрӯз вазири молия Файзиддин Қаҳорзода дар иҷлосияи вакилон порлумон барои қабули қонуни буҷа барои соли 2022 эълон кард.
Вакилони порлумон қонуни буҷаи соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-24-ро пазируфтанд.
Вазири молия гуфт, ҳаҷми даромади буҷа 33 млрд сомонӣ ва қисми хароҷоти он 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Хабарнигори "Азия-Плюс" аз порлумон хабар медиҳад, ки ба гуфтаи вазири молия бояд 21,9 млрд сомонии буҷа дар соли 2022 бояд аз ҳисоби воридоти андозиву ғайриандозӣ ҷамъ шавад.
Ҳамчунин дар бахши даромади буҷа, маблағҳои махсуси ташкилоти муассисаҳои буҷавӣ 2,5 млрд сомонӣ, воридот аз ҳисоби азхудкунии лоиҳаҳои молиявии давлатии сармоягузорӣ 7,9 миллиард сомонӣ ва инчунин ҷалби грантҳо барои пуштибонии буҷа 665 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, - гуфт вазири молия.
"Маҷмуан ҳаҷмии умумии даромади буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо буҷаи тасдиқшудаи соли 2021 ба маблағи 5,3 млрд сомонӣ ё 19,4% зиёд мебошад",-гуфт Қаҳҳорзода.
Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар буҷаи соли 2022 баробар ба 9 млрд 792 миллион сомонӣ муқарра шудааст, ки 829 млн сомонӣ аз соли 2021 зиёдтар мебошад.
Маблағгузории бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар ҳаҷми 23,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 6,5 млрд сомонӣ (27,7% хаароҷоти умумии буҷа) масраф мешавад.
Дар буҷаи соли 2022 ҳам хусусияти иҷтимоии он нигоҳ дошта шуда, 14,7 млрд сомонӣ ҷудо шудааст, ки 43,8% буҷаро дар бар мегирад. Аз ин ҳисоб барои маблағгузории соҳаи маориф 6,3 млрд сомонӣ, тандурустӣ 2,9 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 4,3 млрд сомонӣ ва фарҳангу варзиш 1,2 млрд сомонӣ бояд масраф шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд
Қаҳрамони филми “Моҳӣ дар шаст” дар синамоҷашнвораи байналмилалии Бангола соҳиби ҷоиза шуд
“Намоиши қудрат дар ҳоли заъф”. Изҳороти “мубаллиғони Кремл” то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 11
Воридоти автомашинаҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон 568% афзудааст
“Баъзе фурӯшандагон “антифриз”-и пастсифат мефурӯшанд”. Огоҳии “Тоҷикстандарт” ба ронандагони кишвар
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2026
Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд
“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста