Дар пасманзари барномаву филмҳои зиёд дар телевизиони «Бадахшон» дар мавриди ҳаводиси ахир, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот талаб карданд, ки 30 дақиқа вақти ин телевизиони маҳаллиро дар ихтиёри онҳо бигузорад.
Ин муроиҷатро ин намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ рӯзи 29-уми декабр ирсол кардаанд.
Хуҷамрӣ Пирмамадов, сухангӯйи Гуруҳи 44 ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки барномаву филмҳои зиёде, ки имрӯзҳо дар шабакаи давлатии маҳаллии «Бадахшон» намоиш дода мешаванд ва нооромиро дар ҷомеа ба бор меоранд далел шудааст, ки онҳо ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раҳбарии Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ Муфарраҳи Шодӣ муроҷиат кунанд, ки 30 дақиқа вақт барои суханронӣ ба онҳо дар ин шабака ҷудо карда шавад.
«Дар робита ва вазъи баамаломада дар ВМКБ ва дастрас набудани интернет вас ар задани ҳар гуна сару садоҳо дар ҷомеа, мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур медонем, ки тавассути ТВ «Бадахшон» баромад кунем ва нуқтаи назари худро дар бораи вазъи ҳозира баён карда, аз сокинон даъват кунем, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанду ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳанд.
Мо бовар дорем, ки баромади мо ба идомаи тақвияти субот дар ҷомеа мусоидат мекунад, аз ин рӯ, мо мехоҳем 30 дақиқаи вақти ТВ «Бадахшон» дар ихтиёри мо гузошта шавад. Мо муътақидем, ки дар ҷомеаи мо озодии баён вуҷуд дорад ва ҳар шахс метавонад нуқтаи назари худро озодона баён кунад»,-матни муроҷиатро иқтибос кард Пирмамадов.
Ба гуфтаи Пирмамадов, посухи муроҷиати худро онҳо дар давоми се рӯз мунтазир мешаванд.
Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани нуқтаи назари ҳукумати ВМКБ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат ва Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ бидуни натиҷа анҷом ёфт.
Раиси идораи телевизион ва радиои ВМКБ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ нахост ин мавзуъро шарҳ диҳад.
Ҳамчунин Пирмамадов таъкид кард, ки онҳо ба муроҷиати қаблияшон ба унвони раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ то кунун посухе нагирифтаанд.
Бояд гуфт, ки муроҷиати видеоии ин гуруҳ ба раиси палатаи болоии парлумон 19-уми декабр сурат гирифта буд, ки дар он аз Рустама Эмомалӣ хоста буданд, ки вазъиятро аз назорати сохторҳои қудратӣ берун кунад ва шахсан онро мудирият кунад, зеро амалкарди сохторҳои қудратӣ метавонад сулҳу оромӣ дар вилоятро халалдор кунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста