Ҳукумати "Толибон" аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози таассуф карда, аз ҷонибҳои даргир хостааст, ки мушкилоти худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.
Дар ин бора сухангуӣ Вазорати умури хориҷии Толибон, Абдулқҳор Балхӣ рӯзи 31 январ дар сафҳаи Твиттераш навиштааст.
"Имороти Исломии Афғонистон даргирӣ миёни нерӯҳои марзии ҚирғизистонуТоҷикистон ва талафоти ношӣ (баҷомонда) аз онро мояи таассуф медонад. Имороти Исломии Афғонистон робитаҳои дӯстона миёни тамоми кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад. Мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем, то ба мушкилоти пасин, аз тариқи гуфтугӯ роҳи ҳал дарёбанд."- навиштааст Абдулқҳор Балхӣ.
Гурӯҳи "Толибон" замони даргириҳои ахири моҳи апрели соли 2021 низ аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста буданд, ки ҷанг накунанд ва мушкилро бо музокира ҳал кунанд.
Ин гуруҳ он замон, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват карда буданд, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст".
Он замон паёми "Толибон"-ро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, дар саҳфаи "Твиттер"-аш нашр карда буд: "Иморати исломӣ бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед".
Забеҳулло Муҳоҷид дар паёми "Толибон" ҳамчунин гуфта буд, ки "мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста