Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши беш аз 13 кг воситаи нашъадор навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” гумонбар дониста мешаванд.
Ин ниҳод аз саркардаи гурӯҳ Нурулло Раҳимови 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар олами ҷиноӣ бо лаққаби “Кафтарбоз” шинос аст, ном бурда навиштааст, ки ӯ ва бештари ҳаммаслаконаш пештар низ ҳабс шуда буданд.
Манбаъ аз аъзои гурӯҳи муташаккил Саъдӣ Соқиев, сокини шаҳри Душанбе, Баҳрулло Минбаев Баҳрулло сокини ноҳияи Рудакӣ, ки пештар барои одамкушӣ 14 ҳабс шуда буд, Асроридин Жаббиров, сокини Душанбе, ки пеш низ барои маомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ҳабс шуда буд ва як шаҳрванди Афғонистон, ки муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекард, Расули Кабир ном бурдааст.
Ин ниҳод гуфтааст, аз онҳо 13 кг 100 гр воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин” бозёфт ва мусодира карда шуд, ки гурӯҳи ҷиноятпешаи муташакил воситаҳои нашъадорро дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд.
- Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гуё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст, - менависад Оҷонсии мазкур.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки ҳангоми дастгир намудани Раҳимов бо худ 1 адад таппончаи тамғаи “Маккаров” – ро нигоҳ медошт.
Оҷонсии назорати маводи нашъаовар гуфтааст, нисбати Нурулло Раҳимов бо моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор), 195 (муомилот ва истифодаи моддаҳои оташзананда) ва нисбати Саъдӣ Соқиев, Баҳрулло Минбаев, Асроритдин Жабиров ва шаҳрванди Афғонистон Расули Кабир бо моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста