Ситоди фаврии пешгирии вуруд ва паҳншавии сирояти коронавируси Русия дар бораи ифтитоҳи сарҳадҳои заминии Русия аз 15 июл қарор қабул кард.
“Баъди баррасӣ ситод тасмим гирифт, ки аз 15 июли соли 2022 маҳдудиятҳои муваққатӣ дар гузаштани сарҳади давлатии Русия бар асари эпидемияи коронавирус бекор карда мешаванд”, - менависад Известия бо истинод ба ситод.
Рӯзи 1 июл маълум шуд, ки роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳои бар асари COVID-19 ҷоришуда қарор ба имзо расонидааст.
Аз ҷумла реҷаи ниқобпӯшӣ, манъи кори шабонаи нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва як қатор маҳдудиятҳои дигар бекор карда мешаванд. Саҳеҳ мешавад, ки қарор бо сабаби коҳиши ҷараёни сироят аз вирус қабул шудааст.
Гуфта мешавад, тайи чор моҳи ахир дар кишвар камшавии ҳолатҳои сироят аз COVID-19 ва беморӣ ба мушоҳида мерасад.
Ёдрас мекунем, ки айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо роҳи ҳавоӣ аз марзҳои Русия гузашта метавонанд. Аз Қазоқистон ба Русия бо роҳи заминӣ тоҷикистониён танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона бо доштани асосҳои иловагии бо ҳуҷҷат тасдиқшуда ворид шуда метавонанд.
Шояд акнун вазъият тағйир ёбад.
Дар Тоҷикистон ҳоло ҳам маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус амал мекунанд, ҳарчанд тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ сироятшудагон бори охир 18 феврал ошкор шуда буданд.