Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот дар АМИТ “Ховар” аз идомаёбии амалҳои вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд”.
“21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд. Дар посгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» низ ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон мушоҳида гардиданд”, - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.
ВКХ Тоҷикистон “чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол” номида, аз ҷониби Қирғизистон талаб намудааст, ки “фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад”.
“Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ.
Ёдовар мешавад, ки ин изҳороти дуввуми ВКХ Тоҷикистон оид ба вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон мебошад. Дирӯз, 21-уми сентябр низ ВКХ Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз назарфиребиҳои ҷониби Қирғизистон дар робита ба берун кашидани нерӯҳои ҳарбӣ ва техникаи вазнини ҷангӣ аз минтақаҳои сарҳадӣ ва вайрон кардани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буд.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста