Саодат Кулиева, модаре, ки ба барқарорсозии адолат ва ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба куштори писараш даъво дошт, ҳафати гузашта аз сӯи афроди ношинос дар хонааш ба қатл расидааст. Хабари кушта шудани ин зан аз ҷониби Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда шуд.
Номи Саодат Кулиева замоне расонаӣ гардид, ки писараш Хуршед Бобокалонов аз сӯи пулис дар Душанбе боздошт ва дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷон бохт.
Ин ҳодиса дар соли 2009 ба вуқӯъ пайваста, бо гузашти бештар аз 13 сол омилони марги Хуршед Бобокалонов ошкор ва касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Саодат Кулиева пас аз марги писараш ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе шикоят бурд ва бар асари марги писараш парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Баъдан борҳо ин парванда пӯшида ва дигарбора боз мегардид. Модари ӯ даъво дошт, ки ҳангоми иҷрои маросими шустушӯи ҷасад хешовандон осори захмҳои ҷисмониро пайдо кардаанд.
Мақомот гуфтанд, Хуршед Бобокалонов дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт ва пайвандонаш дар ин баробар далели мақомотро рад намуданд.
Ҳамин тавр, вай пас аз ноком мондани муроҷиатҳои пай дар паяш дар соли 2015 ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ нома навишт ва аз ҷумла гуфт, “либосаш дар хун олуда буд, дар баданаш захмҳои зиёде ба назар мерасид, биниаш кӯфта шуда, аз захми пушти сар ва манаҳаш хун мерехт”.
Дархости ӯ аз ҷониби СММ қонеъ гардид ва дар ин бора Комиссия оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ Саодат Кулиеваро огоҳ намуд. Аммо Суди ноҳияи И.Сомонӣ 8-уми июни имсол даъвои Саодат Қулиеваро нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад кард.
Ҳоло тафсилоти куштори Саодат Кулиева маълум нест ва аз Раёсати ВКД дар Душанбе низ аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ мекунад.
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳомони ҳилагар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста