Таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминӣ, яке аз чор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба анҷом расида, барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.
Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар навиштааст, ки мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд.
Ҳанӯз рӯзи мурофиа маълум нест ва дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам рӯзи баргузории онро нагуфтаанд.
Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, се моҳ боз писарашро надидааст ва рӯзи шанбеи гузашта, вақте ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафт, гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба суд рафтааст.
- Ба суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд, – нигаронӣ кардааст модари ӯ.
Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Завқибек низ дар бораи парвандаи ӯ тафсилот надода, танҳо гуфтааст, ҳанӯз мурофиа шуруъ нашудааст.
Завқибек Саидаминӣ яке аз чор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аст, ки як рӯз пеш аз иди Қурбон, 8 –уми июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкориашро бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон рад кардаанд.
Ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ боз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Далери Имомалӣ низ дар боздоштгоҳ қарор доранд ва интизори ҳукманд.
Дирӯз, 4 –уми октябр Суди ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз дигар рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷикро 7,5 сол равонаи зиндон кард. Наздиконаш аз ҳукми суд розӣ нестанд ва гуфтанд, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста