Ширкати “Барқи тоҷик” бо гузашти беш аз ду ҳафтаи шикояти сокинон аз “лимит”-и барқ дар навоҳии кишвар бо пахши як изҳорот маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар тасдиқ кард ва гуфт “вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.
Ин ниҳод, рӯзи 12 –уми октябр дар эъломияе гуфт, ҳоло обанбори НБО «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст ва бо дарназардошти пешгӯӣ шудани норасоии мавсимии нерӯи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.
“Маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар фасли зимистон ба 150 – 200 метри мукааб баробар мешавад. Бинобар ин, барои истеҳсоли барқ дар мавсими зимистон асосан оби дар обанбор захирашуда истифода мегардад”, - далел пеш овардааст “Барқи тоҷик”.
Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешаванд”.
“Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар сатҳи хуб омода мешаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо нерӯи барқ истифода мегардад”, - гуфтаанд онҳо.
Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нестанд, вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд”.
Ширкат аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар давраи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз ду ҳафта аст, аксар сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 шикоят мекунанд.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, вуҷуди лимити барқро дар кишвар рад мекарданд ва мегуфтанд, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста