Паноҳҷӯёни афғонистонӣ бо се парвози вижа аз Тоҷикистон ба Канада интиқол дода шуданд, ки теъдоди онҳо бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора, Абдумусаввир Баҳодурӣ, сардори Намояндагии муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ин теъдод паноҳҷӯёни афғонистонӣ санаи 14 ва 20-уми сентябр ва 12-уми октябр аз фурудгоҳи Душанбе парвоз карданд ва дар назар аст, ки то моҳи декабри соли равон боз теъдоде аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба Канада интиқол дода шаванд.
Дар ҳамин ҳол, бахши дарии сомонаи «Pars Today» бо истинод ба вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни интиқолёфтаро 326 нафар гуфтааст.
Вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки теъдоди паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки то ҳол дар Канада қарор доранд ба 21 ҳазору 700 нафарро расидаанд.
Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Афғонистон, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон маҷбур ба тарки кишварашон шудаанд. Дар ин ҳол, Душанбе нахуст эълом дошт, ки то 100 000 паноҳандаи афғонистониро қабул мекунад.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки паноҳҷӯёни афғонистониро пазируфтааст.
Ба гуфтаи Агентии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) то тобистони соли ҷорӣ бештар аз 8500 паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд. Аз ин теъдод 5700 нафар пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон дар моҳи августи соли гузашта омадаанд.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста