Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (ВАО), ки имрӯз, 25-уми ноябр дар пасманзари боздошту зиндонии чанд рӯзноманигори тоҷик дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”и Душанбе баргузор гардид, Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигори тоҷик, дубора роҳбари Шӯрои ВАО интихоб гардид.
Моҳи декабри соли гузашта, Ҳуриннисо Ализода роҳбари нави Шӯро интихоб шуд ва ӯ дар ин мақом, Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ”-ро, ки ду сол пайиҳам роҳбарии он буд, иваз кард.
Ҳуринисо Ализода дар гузашта, ба ҳайси муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор кардааст.
Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои ВАО, ки бо иштироки аъзоён ва узви Раёсати он баргузор гардид, ҳисоботи раиси нави Шӯро дар як соли фаъолият, ҳисоботи комисияи тафтишотӣ, қабули аъзоёни нав, интихоби аъзои нави раёсати Шуро ва интихоби раиси Шӯрои ВАО мавриди муҳокима қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки дар чанд соли охир 9 идораи ВАО барҳам хӯрдааст.
Дар ҷаласаи солони Шӯрои ВАО 18 нафар аъзои нав пазируфта шуда, шумораи умумии узви ин шӯро ба 87 нафар раисд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО як созмони мустақили рӯзноманигорӣ буда, аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекунад ва маводи онҳоро дар мавриди риояи одоби касбӣ таҳлил мекунад.
Қаблан раёсати Шӯрои ВАО-ро Зиннатулло Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло, Шаҳло Акобирова ва Бахтиёр Ҳамдамов бар уҳда доштанд.
Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО дар ҳоле сурат мегирад, ки дар як соли охир ҳудуди 4 рӯзноманигори тоҷик боздошт, муҳокима ва ба муҳлатҳои гуногун - аз 7 то 10 сол равонаи зиндонӣ ва чанд рӯзноманигори дигар даъвату бозпурсӣ шуданд.
Созмонҳои байналмиалии дифоъ аз журналистон ҳукми онҳоро сангин хонда аз ҳукмутаи Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро озод кунанд. Вале ба истиснои чанд созмони журналистии дохилӣ, дигар ташкилотҳои рӯзноманигорӣ дар робита ба ҳукми онҳо хомӯшӣ ихтиёр карданд.
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста