Имрӯз, 24 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон журналист Ҳуриннисо Ализода роҳбари нави шӯро интихоб шуд.

Интихоби Ализода дар ин мақом дар ҷаласаи солонаи шӯро, ки ҳоло дар меҳмонхонаи “Хилтон” ба ҳадафи интихоби раиси ҷадиди Шӯрои ВАО бо иштироки мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорон, сармуҳаррирони расонаҳои чопиву электронӣ идома дорад, сурат гирифт.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин, гузориш дар бораи натоиҷи мониторинг ва таҳлили муҳтавои меъёрҳои ахлоқӣ дар расонаҳои чопӣ ва интернетии Тоҷикистон шунида шуд.

- 70 расонаи чопӣ ва 10 ВАО-и электронӣ 472 маротиба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро нақз кардаанд. Мониторинг ва таҳлил дар асоси Кодекси ахлоқии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон сурат гирифт,- зикр шуд дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО.

Дар ин ҷаласа Илҳоми Ҷамолиён, Раҷаби Мирзо ва Носирҷон Маъмурзода аъзои нави раёсати Шӯрои ВАО интихоб шуданд. Дар умум ин Шӯро 9 узви раёсат дорад.

Дар қисмати ниҳоии ҷаласа интихоби раиси Шӯрои ВАО сурат гирифт. Ҳуриннисо Ализода, корманди нашрияи “Минбари халқ” бештари раъйҳоро соҳиб шуд ва раиси нави Шӯрои ВАО интихоб гардид.

Акс ааз саҳифаи раиси тозаинтизоби Шӯрои ВАО дар Facebook

Ӯ дар гузашта, ба ҳайси муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ду соли охир пайиҳам сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, роҳбарии Шӯрои ВАО-ро ба уҳда дошт.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО як созмони мустақили рӯзноманигорӣ буда, аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекунад ва маводи онҳоро дар мавриди риояи одоби касбӣ таҳлил мекунад.

Қаблан раёсати Шӯрои ВАО-ро Зиннатулло Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло, Шаҳло Акобирова ва Бахтиёр Ҳамдамов бар уҳда доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.