Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи ноҳияи Файзободро нисбати Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки барои ба худкушӣ расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуда буд, бозбинӣ карда, муҳлати ҳукмро 2 сол кам кард. Наздикони Манора аз ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд.
Бибикалон Назирова бо қисми 2-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, рӯзи 1-уми ноябр бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Файзобод 7 сол равонаи зиндон шуда буд.
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукми Додгоҳи олӣ, имрӯз, 29 –уми ноябр, содир шуд ва акнун, дар асоси ин ҳукм Бибикалон Назирова 5 сол дар зиндон мемонад.
Ӯ гуфт, онҳо аз ҳукми Додгоҳи олӣ розӣ нестанд ва аз болои он ба зинаҳои болоии додгоҳӣ – назоратӣ шикоят хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор дар додгоҳи зиндаи болоӣ низ талаб кард, ки ҳукми суд бетағйир гузошта шавад.
Назари наздикони Бибикалон Назирова дар бораи ҳукми Додгоҳи олӣ маълум нест ва ҳамин тавр аниқ нест, ки онҳо аз қарори зинаи болоии додгоҳ розианд ё не.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.
Дар мурофиаи додгоҳии пешин, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисобида буд.
Ёдовар мешавем, ки наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, чанд маротиба ба мақомот муроҷиат карда, хостори ҷазо додани наздикони шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст ва наметавонист, ки худаш дар баданаш 26 корд занад.
Баъдан, Додситонии кулли кишвар пас аз тафтиши пешакӣ далели марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида буд.
Ин ниҳод гуфта буд, ки бо гузаронидани амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.
“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, - омадааст дар маълумот.
Пайвандону наздикони ҷавонзан мегӯянд, ки ба гумони ғолиб, ӯро куштаанд.
Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт. Оилаи шавҳари зани фавтида аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Ҳамчунин, додситонӣ ва суди Файзобод ҳам дар робита ба қазия то ба ҳол шарҳе надодаанд.
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста