Наздикони Манораи Абдуфаттоҳ, ки ҷасадаш моҳи июни соли равон дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, аз болои муфаттиши парванда ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шикоят бурда, хостаанд ки нисбати ӯ чораандешӣ шавад. Онҳо мегӯянд, муфаттиш аз гунаҳкорон пора гирифта, намегузорад парванда мунсифона баррасӣ шавад.
Падари Манора: Муфаттиш аз гунаҳкорон маблағ гирифтааст
Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манораи Абдуфаттоҳ дар муроҷиати худ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки гуфтааст, худи ӯ 26 кордро ба баданаш задааст, бо таъсиррасонии муфаттиш дода шудааст ва бо айби ӯ нисбати гунаҳкорони асосӣ то ҳол парванда боз нашудааст.
- Ба эҳтимоли зиёд муфаттиш аз гунаҳкорон - наздикони шавҳари духтарам пора гирифтааст. Ин чиз дар рафтораш аниқ аст. Ба духтурон гуфтааст, ки танҳо ду ҳолатро ташхис кунанд: аз чӣ фавтидааст ва бо кадом даст ба гарданаш корд заданро. Дар ҳоле, ки дигар ваҷҳҳоро ҳам бояд ташхисгарон месанҷиданд ва хулоса медоданд, - гуфт Абдуфаттоҳ Мисоқов.
Мавсуф гуфт, ки муфаттиш дар шарҳи ҳодиса даъво кардааст, ки шояд Манора ҷин дошт ва аз ҳамин сабаб худкушӣ кард.
Аз прокуратураи ноҳияи Файзобод вобаста ба ҳодисаи мазкур касе ҳозир нашуд, ки масъаларо шарҳ диҳад.
Натиҷаи ду ташхиси додгоҳӣ: Худаш 26 корд ба баданаш задааст
Баъди он ки Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд дар хонааш дар ноҳияи Файзобод дарёфт карданд, таҳқиқи ҳодисаро додситонӣ ва ШКД дар ноҳияи Файзобод гузаронд. Бо гузашти беш аз се моҳ то ҳол мақомот расман ҳодисаро шарҳ надоданд ва нагуфтанд, ки бар кадом асос Манора бо 26 зарби корд худкушӣ кардааст.
Ду ташхис сабаби марги Манораро худкушӣ эълон кардааст. Вале наздикони зан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ӯро куштаанд.
Абдуфаттоҳ Мисоқов гуфт, хабари марги духтарашро дар Русия шунид ва аз пайвандонаш хост, ки то расиданаш ҷасадро ба хок насупоранд. Ӯ баъди баргаштан ба Тоҷикистон хостори ташхиси тиббиву додгоҳӣ шуд ва дар ташхис пизишке гуфтааст, ки нишонаҳои марги маҷбурӣ дида мешавад.
- Он духтур дар хулосааш чунин нанавишт, танҳо дар суҳбати алоҳида ба ман гуфт, ки ӯро куштаанд. Воқеан, одам худашро як корд мезанад ё ду корд, вақте дард кард, дигар намезанад. Наход, ки 26 кордро худаш зада бошад?! Ман гуфтам, ки агар дастонашро бурида бошад, боз бо ҳамон даст метавонад гулӯяшро бурад? Ё аввал гулӯяшро бурида бошад, метавонад боз дастонашро бурад. Мантиқан ин чизҳо ба ақл рост намеоянд, - гуфт Абдуфаттоҳ.
Мавсуф гуфт, бо навиштани ариза хост, ки дар Душанбе ташхиси тиббиву додгоҳӣ гузаронида шавад. Ҳамин тавр, ташхиси дуввум низ марги Манораро худкушӣ номид.
Дар хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, ки нусхаи он дар ихтиёри “Азия-Плюс” аст, гуфта шудааст, дар шикам, қафаси сина, дастҳо ва гардани ҷасади Манораи Абдуфаттоҳ 26 захм мушоҳида шуд. Коршиносони тиббиву додгоҳӣ гуфтаанд, захми корд дар бадан чуқур нест, аз ин рӯ, шояд онҳоро худи Манора ба баданаш задааст.
Падари Манора даъво дорад, ки ҳангоми шустани майит дар гардани ӯ изеро мушоҳида кардаанд, ки эҳтимол буғӣ карда, кушта бошанд. Инро ҳатто бархе ташхисгарон дар суҳбатҳои алоҳида бо ӯ тасдиқ кардаанд.
Падари зан мегӯяд, шоҳидон дидаанд, ки пеш аз ҳодиса пайвандони шавҳараш вориди хонаи ӯ шуда буданд.
- Кӯдакаш дар назди равоншинос нақл кард, ки модарашро задаанд. Тамоми шоҳидон аз фишору азияти духтарам аз ҷониби хешовандонаш нақл мекунанд. Прокуратураи ноҳияи Файзобод ҳатто онҳоро барои ба худкушӣ расонидан ҷавобгар накардааст ва бо баҳонаҳои зиёд тафтишро кашол медиҳанд, - гуфт Абдуфаттоҳ Мисоқов.
Номбурда гуфт, ки ҳатто яке аз ташхисгарон гуфтааст, ҳангоми ташхис дар бадани зан захмҳои сиёҳ дида мешуд, ки аз латукӯб шудани вай дарак медод.
Парванда боз шуд, вале касе гумонбар нест
Баъди анҷоми ду ташхис додситонии ноҳияи Файзобод марги Манораи Абдуфаттоҳро пурра худкушӣ номида, нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ, ба худкушӣ расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, вале касеро дар робита ба ҳодиса айбдор надонистаааст.
Падари Манора мегӯяд, тасмими худкушӣ эълон кардани ҳодиса бар асоси натиҷаи ташхисҳо сурат гирифтааст, ки онҳо ба он розӣ нестанд.
Абдуфаттоҳ Мисоқов даъво дорад, ки модоме агар ӯро ба худкушӣ расонида бошанд, чаро нафароне, ки ба ин ҳол расониданд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
- Касеро ҳатто ҳамчун гумонбар дастгир накарданд. Дар ҳоле, ки парванда боз шудаву тасдиқ шудааст, ки духтарамро ба худкушӣ расониданд, бояд нафаре ҷавобгар бошад: Кӣ ба худкушӣ расонидааст: хушдоманаш, хоҳари шавҳараш ва ё шавҳараш. Ман бовар дорам, ки наздикони шавҳараш дар марги духтарам даст доранд. Бояд онҳо дар назди қонун ҷавоб гӯянд, - гуфт ӯ.
Номаи Дастгоҳ ба Додситони кулл: Ҳодисаро таҳқиқ кунед
Худкушӣ эълон шудани марги ин зан норозигии пайвандони ӯро ба бор овардааст. Онҳо дар номае, ки ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супурданд, хостори тафтиши одилонаи ҳодиса шудаанд.
Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ аз Додситонии кулл хостааст, ки ҳодисаи мазкурро таҳқиқ намоянд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, намояндаи онҳо дар ҳамкорӣ бо Додситонии ноҳияи Файзобод далелҳои пешниҳодкардаи пайвандони Манораи Абдуфаттоҳро меомӯзанд.
Падари Манораи Абдуфаттоҳ мегӯяд, ӯро чанде пеш барои зиндагии алоҳида аз хонаи волидайни шавҳараш ба манзиле дар маркази ноҳияи Файзобод оварда буданд. Замони ҳодиса ду духтар ва як писари хурдсоли ӯ дар ошхонаи манзили зист будаанд ва ҳамон рӯз шоҳид буданд, ки чанде аз наздикони шавҳари Манора вориди хонаи онҳо шудаанд. Даъвое, ки ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Мисоқов муфаттиш ба назар нагирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шуд
ВАО: Дар Русия зиндониён аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба даст кашидан аз шаҳрвандӣ ва ба ҷанг рафтан маҷбур мекунанд
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста