Дирӯз, 7-уми декабр, Толибон* як нафар маҳкумшуба ба қатлро дар маҳзари ом эъдом кардаанд. Саҳнаи қатлро роҳбарони воломақоми Толибон, аз ҷумла ноиби сарвазири ҳукумати худхондаи ин гуруҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар, сарпарастони додгоҳи олии Толибон, вазорати корҳои хориҷиву дохила, вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, вазорати маориф, адлия, раиси дафтари Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, сухангӯи Толибон ва волиёни Қандаҳору Ҳирот дар варзишгоҳи вилояти Фароҳ тамошо кардаанд, менависад рӯзномаи “8 субҳ”.
Ба иттилои ин расона, Толибон гуфтаанд, ки як бошандаи вулусволии Инҷили вилояти Ҳиротро, ки ба қатли як сокини вулусволии Пуштикӯҳи вилояти Фароҳ муттаҳам буд, ба эъдом кардаанд.
"Қарор буд ҳамон рӯз як зан низ дар варзишгоҳи Фароҳ сангсор шуда, ду марди дигар эъдом шаванд, аммо Толибон эъдоми як нафарро таъйид кардаанд”, - менаисад ин рӯзнома.
Муҳокимаҳои саҳрои ва эъдом дар мазҳари ом аз сӯйи Толибон пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон мавриди интиқод қарор дода мешавад. Толибон дар рӯзҳои аввали ғасби қудрат дар Афғонистон эълон карда буданд, ки “аз Толибони соли 1996 фарқ доранд” ва дигар он ваҳшоният моли таърих шудааст, аммо тавре мушоҳида мешавад, бо гузашти бештар аз як сол ин гуруҳ “одатҳои қаблии худро” барқарор карда истодааст.
Ҳамакнун, Толибон ҳамаи қавонини ҷумҳуриятро лағв карда, дубора қонунҳои худро ҷорӣ карданд. Ахиран, роҳбари ин гуруҳ Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода бо судури як фармон, ба додрасҳои хеш дастур додааст, ки минбаъд ҳукми худро дар асоси шариат содир намоянд.
Дар як соли ахир, расонаҳои Афғонистон пайваста аз ҳолатҳои фаровони муҳокимаҳои саҳроӣ аз ҷониби Толибон дар саросари кишвар итттилоъ дода, таъкид мекунанд, ки ҷазоҳое чун шаллоқу дарракӯбӣ ва дастбуриву сангсоркунии маҳкумшудаҳо ҳамакнун ба як амри табиӣ табдил ёфтаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Пас аз 3 сол мошинҳои боркаши тоҷик вориди Чин шуданд
Истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Тоҷикистон содироти картошка, пиёз ва сабзиро манъ кард
Вазорати кишоварзӣ: сармо ба 10-12%-и сабзавот зарар расонид
Дар таркиши масҷиди Пешовар 72 нафар ҷон бохт. Дар Покистон Рӯзи мотам эълон гардид
Тоҷикистон имсол ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ оғоз мекунад
Таҷаммӯи даҳҳо нафар дар назди ҳукумати Кӯлоб
Гармиву боронгариҳо. Обуҳавои моҳи феврал чӣ гуна мешавад?
Дар соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон беш аз 54 млн долларро ташкил дод
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар бекор ҳаст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста