Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе қабули аризаҳои аҳолиро дар робита ба содир гардидани ҷиноят ба таври электронӣ ба роҳ мондааст. Акнун сокинони пойтахт метавонанд, ба шуъбаи корҳои дохилӣ нарафта, ба воситаи барномаи махсус, оид ба содир гардидани ҷиноят ва арзу шикоятҳои худ тариқи электронӣ ариза супоранд ва раванди баррасии онро назорат кунанд.
Аз ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфтанд, он дар доираи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ гардида, дар назди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД фаъол шудааст.
“Сокинони шаҳри Душанбе метавонанд маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 19 00 ё линки мазкур дастрас намоянд”, - гуфтанд аз ВКД.
Аз ин ниҳод гуфтанд, айни ҳол бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла суст будани суръати Интернет, линк ва рақами соддакардашуда фаъол нест, вале мутахассисони онҳо барои бартараф кардани мушкилиҳо кор карда истодаанд ва он рӯзҳои наздик фаъол мешавад.
Гуфта мешавад, ки он дар марҳилаи аввал танҳо барои сокинони пойтахт роҳандозӣ шудааст ва дар сурати татбиқи муваффақона дар дигар минтақаҳо низ роҳандозӣ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, мақсади асосии ислоҳоти милитсияро ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имконияти аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода шавад.
“Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоат, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардаанд, мубориза барем”, - гуфтанд аз ВКД.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста