Аз ҳудуди гардиши кӯчаи Сино ва Саъди Шерозӣ, маъруф ба “Профсоюз” то минтақаи ба истилоҳ “Танк” се эстакада ё роҳи дуқабата сохта мешавад, ки ҳадафи он коҳиш додани тамбашавии нақлиёт дар ин ҳудуд ва баланд бардоштани иқтидори нақлиётии хатсайрҳо аст. Дар ин бора аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Қаблан дар робита ба бунёди эстакада дар ҷои “Танк ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ дар пойтахт қомат афрохта буд ва ё пули ҳудуди корхонаи Нассоҷии тоҷик (Тоҷиктекстил) гуфтугузорҳо буд.
Имрӯз, 8-уми феврал, масъули Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар баъди нишасти матбуотӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин эстакада ё роҳи дуқабата дар ҷои “Танк ИС-2 (Иосиф Сталин)” сохта мешавад ва он кӯчаҳои Шевченкоро ба Назаршоев ва Саъдӣ Шерозиро бо Айнӣ пайваст мекунад.
Лутфулло Исмоилзода, коршиноси лоиҳаи бунёди эстакада аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода ва барои мувофиқа ба шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дигари масъул ирсол шудааст.
“Корбарӣ идома дорад. Мо мунтазири хулосаи мақомот ҳастем. Баъди гирифтани хулоса кор оғоз мешавад. Ҳоло маълум нест, ки кай сохтмон оғоз мешавад. Ҳадаф кам кардани тамбашавии налиёт дар ин минтақа аст”, - гуфт Исмоилзода.
Ӯ афзуд, дар робита ба ин тахриби биноҳои истиқоматӣ дар назар нест, чунки онҳо аз дур ҷойгиранд, танҳо бинои РВКД дар шаҳри Душанбе тахриб карда мешаваду халос.
Ҳоло сохтмони бинои нави РВКД дар шаҳри Душанбе дар майдони “Бофанда” –и пойтахт оғоз шудааст ва гуфта мешавад, ки ҷараёни он 2-3 сол тӯл мекашад. Дар давраи пандемия, дар майдони “Бофанда” беморхонаи муваққатии сайёр иборат аз 120 “контейнер”-и ирсолкардаи ҷониби Ӯзбекистон ҷойгир шуда буд.
Қаблан гуфта мешуд, ки эҳтимол аст, муҷассамаи ёдгории “Танкаи ИС-2”-ро ба Боғи Ғалаба интиқол диҳанд.
Лутфулло Исмоилзода иттилоъ дод, ки ҳамчунин дар гардиш аз корхонаи нассоҷӣ ба сӯйи комбинати гӯшт (Мясокомбинат) низ эсткада ё роҳи дуқабата сохта шуда, кӯчаи Ҳофизи Шерозиро, ки аз самти “Нарӯзгоҳ” меояд, ба кӯчаи Қаҳҳоров, ба самти “Мясокомбинат” пайваст мекунад. Дар қабати дуввум мошинҳои самти кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ мегузаранд.
Номбурда афзуд, лоиҳаи ин эстакада низ омода ва ба шаҳрдорию наҳодҳои масъул пешниҳод шудааст ва интизори тасдиқ ҳастанд.
Эстакада ё роҳи дуқабатаи сеюм дар гардиши кӯчаи Сино ё маъруф ба гардиши “Профсоюз” дар назар аст ва он кӯчаи Сино (Профсоюз)-ро ба кӯчаи Борбад (собиқ бозори “Ҷал-Ҷам) пайваст мекунад. Дар қабати дуввум роҳи Саъдӣ Шерозӣ идома мекунад.
“Ин сарбории роҳро дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, Маяковский ва Саъдӣ Шерозӣ сабук мекунад”, - гуфт Лутфулло Исмоилзода.
Ёдовар мешавем, ки як манбаъ дар шаҳрдории Душанбе ҳанӯз соли 2019 ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии пойтахт то соли 2030 ният доранд, дар Душанбе ҳудуди 20 эстакадаи нав бунёд кунанд.
Ӯ гуфта буд, ки аз ҷумла лоиҳаи бунёди гузаргоҳҳои се ва дуошёна дар маҳаллаҳои “Сирк”-и пойтахт, гардиш аз корхонаи нассоҷӣ ба сӯйи комбинати гӯшт, дар гардиши фурудгоҳ, “Масложиркомбинат”, сафорати ИМА дар Душанбе, микроноҳияи 102, дарвозаи ғарбии пойтахт, дар ҳудуди корхонаи семент, бозори “Корвон” амалӣ карда мешавад.
Ба таъкиди манбаъи мо, ҳамаи лоиҳаҳо дар марҳалаи баррасӣ мебошанд ва дар сурати тасдиқ, онҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр ва маблағҳои сармоягузорӣ сохта мешаванд.
То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеошёна: дар минтақаи маъруф ба “Қарияи Боло” ва дар маҳаллаи 82 сохта шудааст.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста