Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб ба таври густурда таҷлил гардид, ки дар он қариб тамоми аҳолии шаҳр ва навоҳии атрофи он ширкат доштанд.

Дастаҳои ҳаваскорони бадеӣ бо шеъру суруд ва рақсу бозӣ хотири иштирокчиёнро шод карданд.

Дар озмуни вижаи «Маликаи Наврӯз» иштирокчиён аз рӯи ҳунари ошпазӣ, ороиши дастархони идона, муаррифии беҳтарин анъанаҳои мардумӣ рақобат карданд.

Ҳамчунин, бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ аз ҷониби ҳукумати Кӯлоб ва соҳибкорони шаҳр тӯйи арӯсии 35 ҷуфти ҷавон ва хатнасур 150 писарбача аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.

1/19

Дар шаҳр, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоти қаннодӣ барпо гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.