Соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15-уми марти соли 2023 гузашт, хабар дод.
Тибқи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии кишвар барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ аз 34 то 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду сол зиндон пешбинӣ шудааст. Қаблан даҳҳо ҷавон бо ин модда маҳкум шуда буданд.
Ҳарчанд, додситони кулли Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои мушаххас мисол наовардааст ва ҳам нагуфтааст, ки ин ҷавонон ҷарима ва ё аз озодӣ маҳрум шуданд.
Дар гузашта низ ин ниҳод аз ҳолатҳои зиёди саркашӣ намудани ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ хабар дода буд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон сомонаи расмии ин ниҳод хабар дода буд, ки Маъруф Ғоибзода, як ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.
Ба ҷавобгарӣ кашидани беш аз 100 ҷавон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар ҳолест, ки фармони даъвати баҳории имсола аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай ба имзо расида, се рӯз пас, 1-уми апрел маъракаи даъват ба артиш оғоз мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зинаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста