Имрӯз, 1-уми июн маъракаи баҳории давъати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба охир расид. Мақомот танҳо аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар минтақаҳои алоҳида хабар медиҳанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки нақшаи даъват дар кишвар пурра иҷро шудааст ё не.

Баъди зуҳри имрӯз, 1-уми июн Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз раванди сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қуввваҳои мусаллаҳ  хабар дод, ки нақшаи даъват дар ин минтақа сад дар сад иҷро шудааст.

Ба таъкиди ин ниҳод нақшаи давъати ҳарбӣ дар вақти муқараршуда ба иҷро шуда, ба ин корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида боис шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Қаблан, дар рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарби ВМКБ хабар дод буд, ки нақшаи даъвати ҳарбиро сад дарсад иҷро кардааст.

Ҳамин тариқ, дар рӯзҳои дигар шаҳру навоҳии алоҳида дар бораи иҷрои нақшҳаи даъвати ҳарбӣ хабар доданд.

Баъдан мақомот, дар 10 рӯзи маъаракаи даъват хабар доданд, ки нақша дар тамом кишвар 40 дарсад иҷро шудааст.

Ҳамин тариқ, баъди як моҳи мавсими даъвати ҳарбӣ мақомот хабар доданд, ки нақшаи даъват дар кишвар 63 дарсад ва бори охир 12-уми май гуфтанд, ки нақшаи даъват 76 дарсад иҷро шудааст.

Баъди ин дар бораи иҷрои нақшаи даъват мақомот хабар надоданд. Кӯшишҳои мо низ барои гирифтани иттилоъ аз дафтари матбуоти Вазорати дифоъ бенатиҷа анҷом ёфт.

Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ ба зангҳои пайдарпайи мо посух надорд.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз пеш аз анҷоми мавсими баҳории даъвати ҳарбӣ, рӯзи 29-уми май Радиои Озодӣ бо нашри чанд аксу навор навишт, ки “гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд”.

Шоми ҳамон рӯз, милитсияи пойтахт ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, вокуниш карда, гуфт, дар асл бо донишҷӯён оид ба ихтиёрӣ рафтан ба хидмати ҳарбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст, вале донишҷӯён аз нофаҳмӣ “бетартибӣ намудаанд”.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дар иттилоияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе воқеан, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Варзоб бо мақсади ҷалби хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ бо хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мулоқот доир намудаанд.

“Дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз донишҷӯён мулоқотро тариқи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудан гумон карда, бетартибӣ намудаанд”, - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Дар ҳамин ҳол, маъракаи даъвати имсола “шева”-ҳои ба худ хосро дошт. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо. Ахиран, навори латукӯби наваскарон аз ҷониби ҳамхидматони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн шуд, боиси такроран оғоз шудани баҳсҳо гардид.

Пас аз нашри навор дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар пайи ин, Додситони кулли Тоҷикистон изҳорот нашр карда, хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст ва вобаста ба он прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва подполковник Нузхат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.

Дар робита ба ин, рӯзи 30-юми майи соли равон як подполковник ва 7 сарбози собиқ барои латукӯби наваскарон аз 9,5 то 11,5 сол зиндонӣ шуданд.

Мақомоти масъули кишвар на ҳамеша ҳодисаҳои зикргардидаро шарҳ медиҳанд ва пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд. Вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.