Имрӯз, 8-уми июн, калонтарин масҷиди Тоҷикистонро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ карданд. Пешниҳод гардид, ки масҷид ба номи “Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ карданд.

“Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд”, - менависад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, ки баъди шиносоӣ сарони давлатҳо барои таҳияи масҷид ду ракаат намоз хонда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ кардааст.

“Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит” гузошта шавад”, - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва олимону сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои зиёди ҷаҳон санги асоси бузургтарин масҷиди ҷомеи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.

Баъди гузоштани санги асоси бунёди иншоот мутахассисони варзидаи соҳа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Қатар пас аз омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷониба лоиҳаи Масҷиди ҷомеи марказии Душанберо таҳия карданд.

5-уми октябри соли 2011 корҳои сохтмони иншоот оғоз гардида буд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи бунёди масҷиди ҷомеъ ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзид.

1/21

Ин масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.

“Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад. Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст”, - менависад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Таъкид мешавад, ки масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад.

Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ  ҷойгир шудааст.

Намои берунаи бинои иншоот 62393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33963 метри мураббаъ бо мармари сафед оро ёфтааст.

Дар гирду атрофи иншоот дар масофаи 92000 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ гузаронида шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт бунёд гардидааст.

Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 адади он аз чӯби чормағз омода гардидааст.

Дар ин иншоот, корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “СТС-Иншоот” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, дар давраи бунёди он беш аз 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.