Миҷгона Самадова дар риштаи бокс дар вазни то 57 кг барандаи медали биринҷии Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ гардид ва соҳиби роҳхати олимпӣ ба Париж-2024 шуд.
Ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Карина Иброҳимова аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкили бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5 бар 0 музаффарият ба даст оварда, дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон ғалаба карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буд.
Пас аз ин ғалаба, Миҷгона аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро аз риштаи бокс соҳиб шуда буд.
Ӯ ҷоизаи президентӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва калиди хонаи якҳуҷрагиро аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дарёфт хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки ин медали 7-ум (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ)-и Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Ханжоу мебошад.
Бояд гуфт, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар маҷмӯъ 7 медал - 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷиро ба даст оварданд.
Ин медалҳоро Сомон Маҳмадбеков, Давлат Болтаев, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров ва Миҷгона Самадова ба Тоҷикистон оварданд.
Бояд гуфт, ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар 19-умин Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.
Инчунин, бо қарори шаҳрдори Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ - манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста