Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи мулоқот ва муҳлат додан ба кормандони бахши алоқаи кишвар ҷиҳати муайян кардани манотиқе, ки дар он суръату сифати интернет ва алоқа паст аст ё умуман вуҷуд надоранд, бори дигар ҷаласа баргузор карда, ин бор аз ниҳодҳои қудратии кишвар хостааст, ки иҷрои дастури президентро назорат кунанд.
Дар ин бора сомонаи Хадамоти алоқа иттилоъ медиҳад.
Ҷаласаи навбатии Бег Сабур дирӯз, 30-юми октябр, бо ҳузури масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ниҳодҳои қудратӣ баргузор гардида, дар он натиҷаҳои вохӯрии қаблӣ дар санаи 23-юми октябр баррасӣ шудааст.
Дар мулоқоти қаблӣ, Бег Сабур ба масъулини соҳа як ҳафта муҳлат дода буд, то давоми як ҳафта манотиқи бидуни интернет ва алоқаро муайян карда, дар кӯтоҳтарин фурсат мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернетро бартараф кунанд.
Дар мулоқоти ахир низ Бег Сабур ба масъулини соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ супориш додааст, ки барои бартараф намудани норасоиву камбудиҳои дар самти таъмини тамоми минатқаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет ошкоргардида корҳои амалӣ тезонида шуда, ба таври таъхирнопазир идома ёбанд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот масоили вобаста ба пардохтҳои ғайринақдӣ баррасӣ гардида, пешниҳод шудааст, ки “василаҳои анҷом додани амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард шавад”.
Мувофиқа шудааст, ки “барои баррасӣ ва бартараф намудани масъалаҳои марбута мулоқотҳо миёни намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва бонҳо ва ташкилотҳои молиявӣ то расидан ба натиҷаи дилхоҳ идома ёбад”.
Ҳамчунин, Бег Сабур аз намояндагони ниҳодҳои қудратӣ даъват кардааст, ки иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишварро оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ назорат намоянд.
Бояд гуфт, ки пас аз ҷаласаи қаблӣ ва интиқоди Бег Сабур, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот низ дар як ҷаласа аз суръату сифати интернет ва алоқа дар минтақа шикоят кард.
Пештар аз ин, Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ низ аз суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ нигаронӣ намуда буд.
Бештар аз ин, раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 аз сифари пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста