Мақомоти масъули Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талош доранд пеши роҳи гароншавии роҳкиро ва ворид кардану ба савдо гузоштани маҳсулоти сӯзишворӣ ва дорувории пастсифатро гиранд.

Ин  масъала зимни як ҷаласае, ки дирӯз, 30-юми октябр, бо ҳузури муовини раис ва масъулини дахлдори ҳукумати ВМКБ баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад, муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода аз нархи дорувориву сӯзишворӣ ва сифати онҳо интиқод кардааст.

Анвар Иматшозода дар робита ба шикояти баъзе ронандагон аз сифати маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан бензин изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бензини ба ҳудуди вилоят воридмешуда санҷида шавад.

Пас аз дастрас кардани хулосаи ташхис, иқдоми баъдӣ маълум хоҳад шуд.


Бояд гуфт, ба ВМКБ асосан аз маркази ҷумҳурӣ маводи сӯхт интиқол мешавад ва бо назардошти дурии роҳ нархи он дар бештари ҳолат аз дигар манотиқи кишвар гаронтар аст. Дар ҷаласаи ҳукумати вилоят гаронии нархи бензин ва кӯшиши баланд бардоштани роҳкиро низ баррасӣ гардидааст.

“Бархе ронандагон, ки ба мусофиркашӣ дар шаҳру навоии вилоят машғул ҳастанд нияти боло бурдани роҳкироро доранд. Ва ҳоло намондагони ҳукумати вилоят талош доранд, то нархи роҳкиро таъғир наёбад ва чораҳои лозима андешида истодаанд”, - гуфт як манбаъ аз ҳукумати ВМКБ.

Бояд гуфт, ки рӯзи 25-уми октябр Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи ҳукумати вилоят аз суръати пасти интернет ва алоқаи оддии мобилӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ карда, гуфта буд, ин мушкилот бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.