Додгоҳе дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон сокини 38-солаи маҳаллиро барои хидмат дар артиши Ҷумҳурии худхондаи Донетск 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад.

Сокини ноҳияи Юқоричирчиқи Тошканд Илдар Хайрулин бар асоси банди “Зархаридӣ” айбдор дониста шудааст. Бино ба маводи парванда, Хайрулин солҳои 2014-2015 дар ҳудуди Украина дар “ҷангҳо бар зидди неруҳои мусаллаҳи он кишвар” иштирок кардааст.

Муфаттишон дар додгоҳ ҳамчун далел аксҳо аз саҳифаи “Миротворец”-ро дар Интернет пешниҳод кардаанд. Дар аксҳо дида мешавад, марде монанд ба сокини вилояти Тошканд дар даст силоҳ ва дар тан либоси низомӣ дорад. Наздикони маҳкумшуда гуфтаанд, дар аксҳои “Миротворец” воқеан ҳам Хайрулин аст ва ӯ бо силоҳ ва либоси низомӣ акс гирифтааст.

Сомонаи украинии “Миротворец” бо ифшои шахсияти зархаридоне маъруф аст, ки ба ҷонибдорӣ аз артиши Русия меҷанганд. Аммо маълумоти ин сомона расмӣ ҳисоб намешавад.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Илдар Хайрулин гуфтаанд, ки ӯ дар ҷангҳо зидди Украина иштирок накардааст. Аз ҷумла, Мадина Хайрулина даъво кардааст, ки писараш дар ин муддат ҳамроҳаш дар Ҷумҳурии Тотористон қарор дошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сокинони худ хостанд, ки дар амалиётҳои ҷангӣ аз ҳеҷ ҷониб иштирок накунанд.

Аммо ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна нафаре барои ҷанг алайҳи Украина ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.