Хонандагони гиромӣ!

Соли сипаригардида пур аз ҳаводис буд, ки гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” талош кард муҳимтарини онҳоро пӯшиш диҳад ва барои хонандагони худ хабару гузоришҳо ва дар умум, муҳтавои саривақтӣ, санҷидашуда ва беғараз пешниҳод кунад.

Ин буд, ки соли 2023 беш аз 13 млн нафар аз сомонаи “Asia-Plus” боздид карда, муҳтавои офаридаи моро 24 млн маротиба хонданд.

Дар Telegram-каналҳои “Asia-Plus” бо забонҳои тоҷикию рӯсӣ 20 000 мавод интишор шуд, ки онро 220 млн маротиба хонданд ва тамошо карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, YouTube ва TikTok  то имрӯз беш аз 1 млн 200 ҳазор нафар обуна шудаанд ва теъдоди онҳо зиёд мешавад.

Радио ва рӯзномаи “Asia-Plus” дар самти худ муваффақ боқӣ монданд.

Дар маҷмӯъ, давоми соли 2023 гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” бомаром рушд кард ва дар ин самт, саҳми шумо – хонандагони мо беандоза аст, зеро шумо моро ҳамроҳӣ кардед.

Дар соли нави 2024 ҳам мо рисолати касбӣ - инъикоси саривақтӣ ва беғаразонаи ҳаводиси муҳими дохил ва хориҷи кишварро идома хоҳем дод.

Ташаккур, ки дар соли 2023 бо мо будед, муҳтавои офаридаи моро хондед, тамошо ва гӯш кардеду ба дигарон фиристодед ва шарҳ гузоштед.

Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” ҳамаи шуморо бо фарорасии соли нав табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳои беназир ва бурдборӣ таманно дорад!

Ҳамчунин, дар соли нав ба шумо танҳо хабари хуш таманно мекунем!