Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби барканории Файзулло Нозимзода, сардори пешини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлонро шарҳ дода, гуфт, ӯ барои камбудиҳояш аз мансаб ронда шуд ва ҳоло дар сохтор кор намекунад.
Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” дар бораи сабаби барканории роҳбарияти мақомоти қудратии вилоят, аз ҷумла сардори раёсати ВКД, зимни нишасти матбуотӣ посух дод, ки “баъзе роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят барои камбудии ҷиддӣ дар фаъолияташон озод шуданд”.
“Худи барканории сардори Раёстаи ВКД дар вилоят ҷазо барои камбудҳо дар соҳа аст. Онҳое, ки аз вазифа озод шуданд, аз ҷумла сардори Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон ба мансаби дигар таъин нашудааст ва дар сохтор кор намекунад”, - гуфт вазири корҳои дохилӣ.
Зимнан, Рамазон Раҳимзода аз зикр далели мушаххасе, ки боиси барканории сардори РВКД дар вилоят шуд, худдорӣ кард.
Бояд гуфт, ки дар пайи интиқоди шадид ва дастури қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои қудратии вилоят, аз ҷумла Файзулло Нозимзода, сардори ҳамакнун собиқи РВКД дар вилояти Хатлон аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Шариф Назарзода, ки то ин дам ҳамчун сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ кор мекард, роҳбари ин ниҳод таъин гардид.
Пештар аз ин, Назарзода ба ҳайси сардор дар Раёсати ВКД дар Суғд ва Душанбе кор карда буд.
Файзулло Нозимзода ҳамагӣ ду сол дар курсии сардори милитсияи Хатлон кор кард. Ӯ моҳи феврали соли 2022 сардори ин ниҳод таъин шуда буд. Он ҳамон ӯ полковники милитсия буд, дар тули фаъолияташ ӯ ба рутбаи генералӣ расид.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста